Хоҳам ки касам бо хабар аз роз набошад
Гар ашки ману ишқи ту ғаммоз набошад
Гуфтӣ ки пушаймон шудам аз куштани ушшоқ
Мискини ман агар ин сухан аз ноз набошад
Пероҳани ишқи кас аз оғоз накарданд
Гар ишқи бади анҷоми хуш оғоз набошад
Бе ӯ саҳарӣ нест ки бо мурғи саҳари гоҳ
Мурғи дилам аз нолаи ҳам овоз набошад
Чун ҳечкасам нест шарики ғамат эй кош
Дар ишқи туам низ кас анбоз набошад
Бо санги ҷафои ту хушам варна баҳона аст
Каз боми туами қӯт парвоз набошад
Рӯзӣ ки кашад ханҷари кин бар ҳамаи тарсам
Дар фикри ман он дилбар танноз набошад
Бошад дар ғамҳои ҷаҳон боз биравем
Рӯзӣ ки дар дайри Муғон боз набошад
Икдм биншин пеш ( саҳоб ) эй саги кӯяш
Гар дар хур ӯ ин ҳама эъзоз набошад