Асири зулфи ту фориғи з ҳар газанд шавад

Хушо дилӣ ки гирифтори он каманд шавад

Суроғи турбатам аз каси пас аз ҳалок макун

Бибин ки шуъла ӣ оҳ аз куҷо баланд шавад

Дар он диёр ки дилбастагӣ ба зулфӣ нест

Касе чигуна дар он қайди пой банд шавад

Кунад насиҳати носеҳ ба ҳоли ман чаҳ асар

Ҷузи инки оташи ман тезтар з панд шавад

Сукӯн дар оташи ишқ батон махоҳ аз дил

Муқӣм оташ сӯзанда чун сапанд шавад