Хоб роҳат шуд аз он дида ки сӯй ту фитод
Хӯн фишон монад нигоҳӣ ки ба рӯй ту фитод
Ҳар ки афтод зи пои хост ки дасташ гиранд
Магари он кас ки зи по бар сари кӯй ту фитод
Ҳар шарорӣ ки бар афтод зи дилҳо ба ҷаҳон
Дар ҳақиқати ҳама аз шуълаи хуй ту фитод
Чашм бадхоҳ биравем зи тараҳҳум ки накард
Магараши дида ба рухсор накӯй ту фитод
Қисмати ин буд ки аз хушки лабии ҷони супурд
Ташнаи комӣ ки раҳаш бар сари кӯй ту фитод
Чист ҷурми ту ки бо адли шаҳаншоҳ ( саҳоб )
Санги ҷаври ҳамаи хубон ба сабуӣ ту фитод
Комрони фатҳъалии шаҳ ки ғубор дар ӯ
Рашки фармои хати ғолияи буи ту фитод