Гар зон ки фиғонии зи дил зор барорам

Коми дили зор аз ту дил озор барорам

Аз обилаи по ба раҳи водии ишқат

Ҳар гом чаҳ гулҳо ки з ҳар хор барорам

Хоҳам ки дил аз равзан рӯй ту бибинад

Гар тири ту аз сина аФгор барорам

Аз ҳад нагузаштааст ҷафои кории гардун

Вақтаст ки як оҳи шарар бор барорам

Бо ашки шаби ҳиҷру нигоҳи шаби васлат

Чун орзӯии дида бедор барорам

То дар раҳи ишқи ту ба сари хок тавон кард

Кӯи фурсати онам ки зи по хор барорам

Донам ки ҳиҷоби ману маъшӯқ ( саҳоб ) аст

Рӯзӣ ки сар аз парда пиндор барорам