Чу бошад он лаб мегаван шароби арғавонии ҳам
Бигӯ васфи зулоли кавсари оби зиндагонии ҳам
Ба кӯяш рафтам ва аз заъф натавонам ки боз омад
Тавоноӣ ба кор омад мароу нотавонии ҳам
зи хати гирам ки кам шуд кибру ноз ӯ абас бошад
Ки бо ёронаш афзӯн шуд тағофули сари гаронии ҳам
На бинавозад зи меҳрам на кашад аз кини нмидонм
Ма бе меҳри ман номеҳрбон бо меҳрбонии ҳам
Агар ғамгин набояд буд аз ғамнокии ёрон
Набояд дошт аз ношодии мо шодмонии ҳам
Ба умеди вафои аҳду паймони ҷавононам
Талаф шуд рӯзгори перӣу аҳди ҷавонии ҳам
Замину осмон аз ашку оҳам дар ҳазар бошанд
Балоҳои заминии фитнаҳои осмонии ҳам
Пас аз кунҷи қафаси гашти гулистонам хушаст аммо
Агар гулчини наёбади раҳ дар он бод хазоне ҳам
( саҳоб ) аз ҳиҷр ӯ марду рақибон аз висол ӯ
Ҳаёт ҷовдон доранду айши ҷовдонии ҳам