Ним ҷонӣ буд то ҷо буд дар майхона ам

Пар нашуд паймона то холӣ нашуд паймона ам

Аз дил девонаам девонатар доне ки кист ?

Ман ки доим дар алоҷи ин дил девона ам

Оварад ҳар чанд хоби афсона аммо ноидт

Ҳаргизи андари дидаи хоб ар бишинавӣ афсона ам

Аз фиреби хол ӯ дар доми зулфаш дил фитод

Мубталои дом ӯ дили гашт аз ин дона ам

Бо тугар дар гулханам чун андалебам дар чаман

Бе тугар дар гулшанам чун ҷғд дар вайрона ам

Аз ҷунуни ишқ то кӣ манъам эй фарзонагон

Ин ҷунуни хуштар буд аз ақл ҳар фарзона ам

Як нигоҳи ошнои чашми маст ӯ ( саҳоб )

Ин чунин бегона кард аз хеш ва аз бегона ам