Гар қиссае аз зулф чу чавгони ту орм

Сарҳо ҳама чун гӯй ба майдони ту орм

Дастӣ ба сар аз ҳасрату дастӣ ба гиребон

Даст дигарам кӯ ки ба домони ту орм

Гар дар чаман аз ҳасани ту як шама сароем

Мурғони чаманро ба гулистони ту орм

То ғунчаи лаб аз шарм ба гулшан накушояд

Аз синаи буруни ғунча ӣ пайкони ту орм

Банданд лаб аз даъвии хӯнгар ба қиёмат

Ҳарфӣ ба лаб аз аҷри шаҳидони ту орм

Гар як сухан аз завқи асирӣ ту гӯям

Сад Юсуф гум гашта ба зиндони ту орм

Бар шеър ( саҳоб ) ар накунад шоҳи ҷаҳони гӯш

Байтии ду се аз лаъли схндони ту орм