Пинҳони зи муддаӣ ба канорӣ гирифта ем

Он зулф беқарору қарорӣ гирифта ем

Дар зулфаш аз рақиб ниҳон кардаем рух

Бурқаъ ба рӯз аз шаби торӣ гирифта ем

Доне батон чаҳ рӯз бидонанд қадари мо ?

Рӯзӣ ки ҳар яке паии корӣ гирифта ем

Софем ҳамчуи ойӣна бо ӯ вале хаташ

То сар зад аз изори ғуборӣ гирифта ем

Нақди дилӣу ҷонии азин пеш доштем

Бӯсии зи лаъл ӯ ду се борӣ гирифта ем

Моил ба шодии дил ғамнок нестем

Аз бас ки ху ба нолау зорӣ гирифта ем

Овардаем дилбари дигар аз ӯ ба даст

Ёрӣ дигар ба ёрии ёрӣ гирифта ем

Бо худ ғизоли дигар аз ӯ кардаем ром

Аз дом ӯ ( саҳоб ) шикорӣ гирифта ем