Ёри ман ёр касе гаштау дилдор касе

Чаҳ шудӣ гар нашудӣ ёр касе ёр касе

Хори хоряш на зини хор ки бар дил дорам

Ки нарафтааст ба пои гули ман хор касе

Накунад ар чаҳ дили зори ман озори касон

Ки дил озурда нагаштааст зи озор касе

Дидаи дидор касе дида ки алҳақ насазад

Ки дигар боз кунам дидаи бадӣдор касе

Моҳ рӯй ту буд шамъи фурӯзандау ҳайф

Ки нашуд равшан аз он шамъи шаби тор касе

Кард мушкили басари кӯй касе рашки рақиб

Кори моро ки ба нокас нафитад кор касе

Қадар дар равнақ гавҳар бишикастанд ( саҳоб )

Калак дар поши туу лаъли гуҳарбор касе