Дар раҳи ишқи ихтиёр аз даст рафт

Пой монад аз кору кор аз даст рафт

Дар чамани дардо ки соқӣ то қадаҳ

Дод бар дастами баҳор аз даст рафт

Оҳ каз дасти дилами домони сабр

Рафт чун домони ёр аз даст рафт

Нақди ҷониро ки аз баҳри нисор

Доштам дар интизор аз даст рафт

Дар раҳаши хокӣ ки мекардам ба сар

зи оби чашми ашкбор аз даст рафт

Рӯзгори васли оҳ аз рӯзгор

Каз ҷафои рӯзгор аз даст рафт

зи он ду лаъл аз дастами орому қарор

зи он ду зулфи биқрор аз даст рафт

Пои ниҳодам бар сари болин ( саҳоб )

Лек дар вақте ки кор аз даст рафт