Агар ин рӯзгор ва ин замона аст
Ба олами қиссаи роҳат фасона аст
Ба ман дорад гумони ним ҷонӣ
Ба қосиди муждаи васлам баҳона аст
Ба кунҷи дом ӯ ҷое ки ҳаргиз
намеояд ба ёдам ошиёна аст
Дили халқӣ аз он зулфи парешон
Парешони ҳамчуи зулф ӯ з шона аст
Нагардад сайди сайёдии дили ман
Магар каз зулфу холаши дом ва дона аст
На ҳар дили воқиф аз асрор ишқ аст
На ин дар ҳар садафро дар миёна аст
Чу бишкофӣ даруни сад садаф ро
Якеро дар миёни дарӣ ягона аст
Забонӣ нест то розам кунад фош
Вале зи оҳи дарунами сад забона аст
Дар ин раҳ кӣ расад боРом ба манзил
Ки роҳи ишқи роҳӣ бекарона аст
( саҳоб ) аз чашмаи ҳайвони Хизр ро
Марои зи он лаби ҳаёт ҷовдона аст