Ашки ман монеъи оҳ саҳарӣ нест ки нест
Варна оҳи саҳариро асарӣ нест ки нест
Хабар инаст ки кас нест зи худ бихброн
Варна дар бе хабарӣҳо хабарӣ нест ки нест
Маст он шуд ки лаб аз бода ӣ мастона бибаст ,
Варна дар нолаи мисатон асарӣ нест ки нест
Гул фурӯбаста дар меҳру вафо варна маро
Аз қафаси боз ба гулзор дарӣ нест ки нест
Дасти умед дар ин боғ ба шохӣ нарасед
Варна бар нахли баландаш самарӣ нест ки нест
Қобили даргаи хоқон ҷаҳон нест ( саҳоб )
Варна дар махзани табъаш гуҳарӣ нест ки нест
Ҳукмрони фатҳъалии шоҳ ки хоки қадамаш
Серумаи дидаи соҳиб назарӣ нест ки нест