Ишқи ҷононро ба ҷузи вайронаи дил хона нест

зи онкӣ ӯ ганҷасту ҷои ганҷи ҷуз вайрона нест

Хуш буд фирдавсу неъматҳои он зоҳид вале

Неъматӣ чун май на ва ҷое ба аз майхона нест

Пеши дил ҳаргиз нагӯям рози пинҳони ту ро

Кошнои сари ишқати гӯш ҳар бегона нест

Тавба кардам зоҳдо аз май вазин пас бигузарам

Аз сари паймон вале то бода дар паймона нест

Кас надид аз аҳли дунё дар ҷаҳони фарзона Эй

Ҳар каси ореи толиби дунё буд фарзона нест

Зулф ӯ домасту холаши дона , сайёди маро

Аз барои сайди дили ҳоҷат ба дом ва дона нест

Ин дили шӯридаро доим чаро бошад ба по

Аз сари зулфи ту занҷирӣ агар девона нест

Достони Лайлӣу афсонаи маҷнӯн ( саҳоб )

Пеши ҳасан ӯу ишқи ман ба ҷуз афсона нест