Касро ҷамоли нақш ба ҷузи ҳасан ҳол чист

Ваонро ки ҳасан ҳол набошад камол чист

Шуъарост ҳеҷу шоирӣ аз ҳеҷ ҳеҷ тар

Дар ҳайратам ки бар сари ҳеҷ ин ҷидол чист ?

Як тан напурсад аз паии тартиб чанд лафз

эй аблаҳон бе ҳунари ин қил ва қол чист ?

Аз баҳри мисраии ду ки мазмун дайгарӣ аст

Чандини хаёли ҷоҳу таманноӣ мол чист ?

Шеъри аслаш аз хаёл буд ҳасанаш аз маҳол

То аз хаёли ӣнҳамаи фикр маҳол чист ?

Аз чанд лафзи ёва назд лофи бартарӣ

Ҳар кас ки ёфт шарм чаҳ ва инфеъол чист ?

Сад навъи азин камол бар аҳли ройу ҳуш

Бо ҳасани зоти омии некӯ хисол чист ?

Гирам ки назми баҳр дару кон гавҳар аст

Бо насри калаки доварад дарё навол чист ?