Нолаи мо чун ҷараси шоиста таъсир нест

Ҳамчуи махмали хоби моро толеъ таъбир нест

Рӯй дил ҳаргиз намебинад зи мо ошуфтагон

Ҳамчуи доғи оина , доғӣ ки нохун гир нест

Шуълаем ва ин хазони мо баҳори умри мост

Ҳамчу май ҳар чанд ошиқ куҳна гардад , пер нест

Домани гулчин фарохаст эй асирони қафас

Гар гулӣ хоҳед , ӯро аз шумо тақсир нест

Чӯби гул кӣ мекунад ислоҳи ман , чун карда аст

Буии гул девонаам , худ кардаро тадбир нест

Дар тилисм ҳайратам дорад ҷунуни дили салим

Роҳи берун рафтанам аз кӯча занҷир нест