Чашми ман ҳалқае аз силсилаи даст ман аст

Донаи мурғи дилами обилаи даст ман аст

Водии чок ки аз ҷайб буд то доман

Дар раҳи шавқи ту як марҳалаи даст ман аст

Даст бар гул накунад ғайри зи андешаи хор

Сипари теғ шудани ҳавсилаи даст ман аст

Сарнавишти ман ҳасрат задаро дар ғами ишқ

Гар бихонанд , саросари гилаи даст ман аст

Садафами ман , ки дарин баҳри пурошӯби салим

Чашми олами ҳама бар обилаи даст ман аст