Дар чаман чун лола май бебок мебояд гирифт

Сояи дастӣ вале аз ток мебояд гирифт

Гар гулобии лоиқ пероҳанам хоҳад касе

Гул надорад , аз хасу хошок мебояд гирифт

Бо ҷаҳони сифлаи афтодаи сети кору бори ман

Ҳамчуи деҳқони нони маро аз хок мебояд гирифт

Ишқ май хоҳӣ , барафшон остин бар ҳарчӣ ҳаст

Домани покон ба дасти пок мебояд гирифт

Гар суроғи буи ӯ хоҳии азин гулшани салим

Ҳамчуи гул аз синаи сад чок мебояд гирифт