Дилам ҳамеша зи ошӯби ишқ бетоб аст

Дарин муҳӣт , гуҳари музтариб чу симоб аст

Чу май ба пеши нуҳум , қисматами з ғайб расад

Калиди рӯзии ман мавҷи бода ӣ ноб аст

Чаҳ суди кӯшиши ғофил , ки дар тариқи талаб

Равад ба роҳ чу оби равон ва дар хоб аст

зи бршкол дигар малики ҳинд хуррам шуд

зи файзи абри ҷаҳони хуш чу олам об аст

Дарин ҳаво бишинав аз ману нигоҳи мадор

Ба хонаи коғази абрӣ , ки бим сайлоб аст

зи ҷӯши шавқ ки пурвои нек ва бад дорад ?

Барои мастии парвона , шуъла маҳтоб аст

Ба тавба аз май аҳбоб офатӣ нарасад

Ки чун шароби гулу лолаи србср об аст

Миёна ӣ ман ва ӯ ҳамчунин нахоҳад монад

Салим , бахти ман охир намурда , дар хоб аст