Зулфи ту рангу буии зи анбар гирифта аст
Лаъли лаби ту шери зи шукр гирифта аст
Бо мо чунон ки буд дилат , нест ин замон
Ойӣна ӣ ту сӯрати дигар гирифта аст
Мактуби васлро дилам аз шавқи ҳамчуи Тифл
Сад бори хонда ва дигар аз сар гирифта аст
Сарв аз барои хеш дар айёми қад ӯ
Таълими навҳаро зи санавбар гирифта аст
Ойӣна мекунад зи ҷаҳони обрӯи талаб
Бо онкии ибратии зи Сикандар гирифта аст
Бар ман тараҳҳумаст на бар гул , ки умр ро
Ман муфт додам аз каф ва ӯ зар гирифта аст
Танҳо на эътироз кунад мавҷи ин муҳӣт
Ҳар қатраи нуктае ба шиновар гирифта аст
Доранд нисбатӣ , ки зи ноҳид , осмон
Духтар ба ток додау духтар гирифта аст
Воъизи зи бас ки ошиқи минбар буд , дилаш
Дар синаи шакли бори санавбар гирифта аст
Ёрб чаҳ гули шукуфтаи зи мактуби мо , ки боз
Боди сабои малулу кабӯтар гирифта аст
Чун лашкари шикаста бар атрофи оризаш
Ҳар тори зулф ӯ раҳи дигар гирифта аст
Ҳаргиз касе наёфта раҳ дар ҳарими васл
Беҳуда чанд ҳалқаи занӣ , дар гирифта аст
Боз аз ҳавои шуъла ӣ рухсорае , салим
Чун шамъи кушта , сӯхтан аз сар гирифта аст