Бар сари ишқи ту ҳаркас ҳаст бо ман душман аст

Онкии ашкӣ пок месозад зи чашмам доман аст

Дар каф ӯ май ба ранги шабнам рӯй гул аст

Бар майонаш теғ чун оби миён гулшан аст

Барнаме хезем аз ҷои худ ва овора ем

Домани саҳрои маҷнӯни ту тараф доман аст

Ҳамчуи ман Мансурро сомон расвоӣ куҷост

Мояи ҳаллоҷӣ ӯ пунбаи доғ ман аст

Кӯчаи занҷирро монад ба аҳдаши рӯзгор

Бас ки аз бедод ӯ ҳар хонае пар шеван аст

Душман ҷонаст дили аҳли муҳаббатро салим

Юсуфи моро ҳамеша гург дар пероҳан аст