Пиёлаи гир ки узри шароб бенамак аст
Ҳадиси тавба ба аҳди шабоб бенамак аст
Ба маҷлисӣ ки дарави ҷом май наме рақсад
Сурӯди мутрибу шӯри рубоб бенамак аст
Фиғон ки лиззати азин базм , рафтагони бурданд
Шароб бемазаасту кабоб бенамак аст
Ҳамин на ҳақ ба ту дорад касе ки нон диҳадат
Дарин муҳӣт напиндорӣ об бенамак аст
Ба узви узви ту чун бингарам , дилам гуяд
Ки дар сафина ӣ гул , интихоб бенамак аст
Салим , хбси фалак дар канор хониш кун
Матарс , нони мау офтоб бенамак аст