Шамъему зиндагонии мо дар гудози мост
Парвонаем ва сӯхтан худ ниёзи мост
Расво гузаштаем азин боғ чун баҳор
Ҳар ҷои гулӣ шукуфта бибинед , рози мост
Гар мекунӣ ба мазҳаби озодагони амал
Бигушоӣ дасти баста ки шарти намози мост
Меҳмон ба хонаи дайр чу монад , азиз нест
Кӯтоҳии замонаи зи умри дарози мост
Моро гурез нест зи нози ту чун салим
Ҳар ҳалқае зи зулфи ту доми ниёзи мост