зи ҷӯши нола ба дили изтироб бисёр аст

Чу бод тунд шавад , мавҷи об бисёр аст

Кадоми дил ки зи шавқи лабат дар оташ нест

Шароб нест , вагарнаи кабоб бисёр аст

Яке ҳақиқати дунёи з орифӣ пурсед

Ҷавоб дод ки таъбири хоб бисёр аст

Барои бухл буд узрҳо бузургон ро

Ба кӯҳсори суханро ҷавоб бисёр аст

Чаҳ розҳо ки бар авроқ ҳар гулӣ рақам аст

Савод нест , вагарнаи китоб бисёр аст

Салими ёр агар тарк мо кунад чаҳ ғам аст

Барои шабнами мо офтоб бисёр аст