Баҳор омад ва моро ба боғ роҳӣ нест
Шукуфта шуд чаману рухсат нигоҳӣ нест
Чу лола дар таҳ борон нишаста он мастам
Ки ғайри соя ӣ абрам дигар паноҳӣ нест
Шароб бо рухи зардам чаҳ корҳо ки накард
Ба рӯзгори чунин об зиркоҳӣ нест
Чу мӯр бар сари ғарбол дар ҷаҳони хароб
Ба ҳеҷ ҷо нагузорем по ки чоҳӣ нест
Умеди файз агар ҳаст аз гадоён аст
Биҷуз кулоҳ намад , пашм дар кулоҳӣ нест
Расидаи кор ба ҷон ,гар салим азон бдхў
Гуноҳ хеш бипурсад касе гуноҳӣ нест