Биё ки фасли хуши рӯзгор наздик аст

Замони сайри гулу лолаи зор наздик аст

Фитодаам ба тилисми қафас , чаҳ чора кунам

зи боғи давраму фасли баҳор наздик аст

Ба ҳарфи ишқ , ҳамин кӯҳкан буд имрӯз

Ки порае сухан ӯ ба кор наздик аст

Навиди давлати дунёи чунон буд каз меҳр

Диҳанд мужда ба муҷрим ки дор наздик аст

Чу нест қӯти як гом рафтанам аз заъф

Чаҳ суди азин ки раҳи кӯии ёр наздик аст

Ҳадиси қурби ватани пеш ман магӯӣ , чаҳ суд

Ки сайли бодияро кӯҳсор наздик аст

Ба хона менатавон хӯрд дар баҳори салим

Канори кишту лаби ҷӯйбор наздик аст