Ба тавба ҳар ки зи як қатра ӣ шароби гузашт

Тавонад аз сари олам чу офтоби гузашт

зи файзи бодаи парастӣ , ғами ҷаҳон бар мо

Сабки рикобтар аз мавҷ рӯй оби гузашт

Чаҳ дидӣ аз чамани рӯзгор чун бодом ?

Чунин ки умри ту аз ғофилӣ ба хоби гузашт

Дилами зи тарки алойиқ халос шуд аз ғам

Ба ҳеҷу пучи азин баҳр чун ҳубоби гузашт

Хабар надорам азин варта , ин қадар донам

Ки мавҷи реги биёбонам аз рикоби гузашт

Чу дид ҳоли ман , аз куштанам пушаймон шуд

Чу оташ омад ва аз шарми ҳамчуи оби гузашт

Салим ҳеҷ нашуд дар ҷаҳон ба ман равшан

Чу барқи умри ман аз бас ба изтироби гузашт