Чу теғ нест муҳобои зи хасми пешаи мо

Ба рӯй санги дӯди ҳамчуи оби шишаи мо

зи шӯри ишқ буд ҳаркии бохабар , донад

Ки ҳаст нолаи мо бонги шери бешаи мо

зи файзи абри баҳории з бас туҳидастем

Салом хушк фиристад ба шох , решаи мо

Намонда қадари ҳунар , варна додӣ аз инсоф

Замона чун маи нав , оби зар ба тешаи мо

Шароб бе лаби маъшӯқ заҳр бошад , азон

Чу заҳри хӯрда буд сабз , ранги шишаи мо

Чаҳ гул салим тавонад касе зи мо чидан ?

Чу шамъ мехӯрд аз оташи об , решаи мо