Шикастаи хотираму рағбат нишотам нест
Димоғи суҳбату савдоӣ ихтилотам нест
Занам бар оташ ва аз сӯхтан наяндешам
Ба кори хеш чу парвона эҳтиётам нест
Кашами буруни зи ҷаҳони интизори роҳравон
Ғубор қофилаам , кор дар работам нест
Раҳе намӯд ба саҳрои ҳашар , ишқи маро
Ки ҳамчуи сайли гузар бар пул сиротам нест
зи айби хеш чу товус чун шавам ғофил ?
Дарин чаман ки ҷузи ойӣна дар бисотам нест
Чаҳ толеъаст дарин бӯстони салими маро
Ки заъфарон шудаму рангӣ аз нишотам нест