Ғунчаро барги гул оё дар гиребон аз куҷост

Лоларо доғ май гулгун ба домон аз куҷост

Хотири мо чун кунад забти дил аз ошуфтагӣ ?

Гул чаҳ медонад раҳи чоки гиребон аз куҷост

Раҳзанӣ чун ишқ дорад дил , зи ҳол ӯ мапурс

Оқилон донанд ин девонаи урён аз куҷост

Корҳо Фарҳод карду оқибат корӣ насохт

Ишқ пиндоранд осонаст , осон аз куҷост

Дар муҳаббат чашм натавонам ба якдигари ниҳод

Ман надонам ин ҳамаи хоби парешон аз куҷост

Ҳаст то сармоя ӣ хаст , матарс аз эҳтиёҷ

Киштии худбастае бар хушк , тӯфон аз куҷост

Шиква дар перӣ муносиб нест аз қисмати салим

Нони хушкӣ чун садаф дорем , дандон аз куҷост