Корвони ашки ҳргаҳ бетуам аз дили гузашт

То ба мижгон аз ғубори хотирам дар гули гузашт

Интиқоми хеши хӯн бегуноҳон ме кашад

Нестам огаҳ ки баъд аз ман чаҳ бар қотили гузашт

Дар ғами ишқ батон рози ҷаҳон аз ман мапурс

Ғарқа ӣ дарё , чаҳ медонад чаҳ бар соҳили гузашт

Раҳрави ишқи туро мақсад намедонам куҷост

Ин қадар донам ки ҳамчун роҳ аз манзили гузашт

Барқ доман мекашад аз хирмани умеди мо

Ҳайфи авқотӣ ки дар таҳсили ин ҳосили гузашт

Бас ки аз бими атои куфрон неъмат ме кунанд

Аз сиришки манъмони об аз сари соили гузашт

Лиззати осӯдагӣ дар хоку хӯн ғалтидан аст

Баъд осоиш намедонам чаҳ бар бсмли гузашт

Аз гарони хезии биёбонро ба танг оварда ам

Корвони нақши пои ҳам аз ман коҳили гузашт

Шамъро фонӯс ҳоҷат нест каз манъи ғурур

Боди натавонад ба перомуни ин маҳфили гузашт