Маънии рангин ба ҳар андеша нест
Нақши ширини ҷавҳар ҳар теша нест
Ғайр ӯ дар дил намегунҷад маро
эй парӣ , ҷои ту дар ин шиша нест
Нест поконро таъаллуқ дар ҷаҳон
Ақди дандони гуҳарро реша нест
Дар ҷунун аз санги тФлонм чаҳ бок
Ин ҳисор оҳанаст , аз шиша нест
Аз гирифторӣ чаро нолами салим ?
Фикри озодӣ чу дар андеша нест