Он қадари сӯзӣ ки хоҳад шуъла бо оҳ ман аст
Ҳар зари доғӣ ки дорад ишқ , тнхўоаҳ ман аст
Дар ҷигар обам намонда , гиряро сомон куҷост
Остинамтар зи нанги дасти кӯтоҳ ман аст
Наргисӣ бар раҳгузор хеш дидам , сӯхтам
Нўғзоли ман ҳамоно чашм бар роҳ ман аст
Нест озодии насиби ман , ки ҳарҷо май рӯм
Банду занҷирам чу фили масти ҳамроҳ ман аст
Бас ки ихвонанд чун Юсуф ба ман номеҳрбон
Гург ҳамчун посбонон бар сари чоҳ ман аст
Эҳтиёҷам нест бар шоҳони олам чун салим
Дар ҷаҳон ҳарҷо ки дарвешӣ буд , шоҳ ман аст