Аз айши дили маро чаҳ ранг аст

Ин оина дар тилисм занг аст

Корам чу сабои ҳама шитоб аст

Корӣ ки намекунам диранг аст

Гаштами паии коми дили ҷаҳон ро

Ҷое ки нарафтаам фаранг аст

Айши дунёу қисмати ман

Саҳрои фароху кафш танг аст

Аз ваҷд нарафт кас ба миъроҷ

Сӯфӣ ! инҳо хаёл банг аст

Шавқ ту гудохт пайкараш ро

Ҳарчанд сиришти бути з санг аст

Аз ишқ машав салими эмин

Ҳар мавҷи муҳӣт ӯ наҳанг аст