Бар мо дамӣ намегузарад бе шароби талх
То чанд ҳамчуи абр тавон хӯрд оби талх
Ширинии зулоли тарабро з гул бипурс
Рӯзии мо чу сабза ӣ миност оби талх
Онҷо ки ишқи ғорат осӯдагӣ кунад
Бодоми талхро нагузорад ба хоби талх
Бо икдгр хушаст нишоту ғами ҷаҳон
Резанд азон ба шарбати ширини гулоби талх
Фарҳодро ба ишқи зи ҳарфи вафои салим
Дар кӯҳ дода сӯрати ширини ҷавоби талх