Фаслии чунин ки булбул , аз шавқ ҷӯш дорад

Наниҳад пиёла аз каф , ҳаркас ки ҳуш дорад

Аз оқилӣ набошад улфат ба ишқ кардан

Тобути нохудоро дарё ба дӯш дорад

Аз ёр маслиҳат нест оҳанги шиква кардан

Чун даф ба ҳалқаи мо девор гӯш дорад

Девонаро ғуборӣ бар хотир аз ҷаҳон нест

Донад ки ман чаҳ гуфтам ҳаркас ки ҳуш дорад

Сайёрагони афлок , хасманд манъмон ро

Аз кӣса бохабар бош , ин хона мӯш дорад

Роҳати салими хоҳӣ , кӯтоҳ кун забон ро

Осӯдагӣ ба маҳфил , шамъ хамӯш дорад