Моҳ чун рӯй ӯ наме бошад

Ба азон рӯй , рӯ наме бошад

Ёри мо бо ҳамаи ҷаҳони икрўст

Шамъро пушт ва рӯ наме бошад

Ошиқон дар ҷаҳон наме ганҷанд

Ҷои сайлоб , ҷӯ наме бошад

Бадан ӯ куҷоу мӯии куҷо

Дар тани шуъла мӯ наме бошад

Чанд ағёрро накӯи доне ?

Аз ту инҳо накӯ наме бошад

Суҳбати умрро ғанимати дон

Оби доим ба ҷӯ наме бошад

Чанд гӯям шукуфта бош эй дил

Чаҳ кунам ман , чу ӯ наме бошад

Дарди дилро алоҷ нест салим

Захми гулро руфӯ наме бошад