Матлаби биҷузи озори з матлӯб набошад

Хубаст ки маъшӯқ ба кас хуб набошад

Оварад сабои ғунчае аз боғ ба кӯяш

Аҳбоб бибинед ки мактуб набошад !

Чашми ҳамаи хубони чаман бар тараф ӯст

Бо ғунча бигӯед ки маҳҷӯб набошад

Озори ҷаҳони боиси айшу тараби мост

Оташ накунад рақс агар чӯб набошад

Маъзӯрам агар доғи ҷунун бар сар ман нест

Гул бар сар мотам задагон хуб набошад

ӯ Юсуф ҳасанаст салиму зи фироқаш

Камтари ғами ман аз ғам ёқӯб набошад