Маро бар ҳосил кас нест умед

Аз онам дил кашад бар сояи бед

Каримаш чун тавон гуфтан , лӣим аст

Гунаҳро ҳарки натавонист бахшед

Талоши мансаби парвона кам кун

Ки натавон сӯхтан худро ба тақлид

Миёни ошиқон дар аҳди ҳасанаш

Кафан омаст ҳамчун ҷома ӣ ид

Фитода ҳар тарафи холӣ ба рӯйиш

Ба ранги нуқтаҳо бар шакли хуршед

Суфоли мо салим аз санги душман

Мурассаъи гашт ҳамчун ҷоми ҷамшед