Кунад ба роҳи ту помол , осмони мо ро

Ҳубоби обила ӣ пост мавҷи дарё ро

Ҳавои каъба ӣ кӯии ту музтариб дорад

Чу хайли мӯри саросема , реги саҳро ро

Ба гиря , дидае аз дили Карим тар дорам

Ба хоки рехтаи абри обрӯии дарё ро

зи пои роҳравони ту то қиёмат монад

Нишони обила бар рӯй , санги савдо ро

Ҳамин ҳумо нахурд зи устихони ман рӯзӣ

Ки обу донаи зи ашк манаст анқо ро

Талоши оби бақо эй Сикандари ин ҳама чист

намедиҳанд ба каси худ дубори дунё ро

Гурезпост нишоти ҷаҳон , дарин гулшан

зи даст худ нагузорӣ тзрўи мино ро

Барои фитнаи ҷаҳонро баҳона бисёр аст

Насимӣ аз паии тӯфон басаст дарё ро

Садо чигуна барояд , ки ин сияҳи чашмон

Ба санги серумаи шикастанди шиша ӣ мо ро

Салим , хобат агар шаб наме барад дар ишқ

Чу шамъ чарб кун аз мағзи сар , кафи по ро