Ғарибиро ба ман ишқат ватан кард

Биёбонро ба чашми ман чаман кард

Чаро эй шамъи хомӯшӣ ба базмаш

Забонат ҳаст , май бояд сухан кард

Чаҳ ҳосили шамъро аз тоҷи заррин

Ки фонӯсаши пас аз мурдан кафан кард

Куҷои андешае аз марг дорад

Кафанро онкӣ чун гул перҳан кард

Салим аз завқи ғурбат бенасиб аст

Чу доғи он кас ки дар як ҷо ватан кард