Чун дар дилаши зи лаъли ту андеша бугзарад
Май чун арақи зи перҳан шиша бугзарад
Фарҳодро бигӯ ки зи ҷурми вафои ту
Парвизи худ гузашт , агар теша бугзарад
Дар ишқ , мавҷ гиряам аз осмони гузашт
Чун бода ҷӯш зад зи сар шиша бугзарад
Аз барқи ишқ , хушк ватар мо тамоми сӯхт
Гирён ҳамеша абри азин беша бугзарад
Бигузар зи пастӣ ва ба баландии бро , ки об
Гул мешавад ба шох , чу аз реша бугзарад
Аз оҳ , хуфта дар дили ман аждаҳои салим
Сайлоби азин хароба ба андеша бугзарад