Гули зи бӯят дар гулистони лоф шоҳӣ ме занад

Лола аз доғи ту бар гулҳо сиёҳӣ ме занад

Бас ки бозори гирифтории зи ишқат гарм шуд

Мхрғи худро музтариб бар дом моҳӣ ме занад

Бо вуҷӯди нотавонӣ , оҷиз кас нестем

Шамъи мо силӣ ба бод субҳгоҳӣ ме занад

Гуяд аз сарви чаман , болои ман мавзун тар аст

Ҳарфҳои рост бо ин каҷ кулоҳӣ ме занад

Ишқро бо тираи бахатони илтифот дигар аст

Барқи доими хештанро бар сиёҳӣ ме занад

Ихтиёрӣ нест кори ишқи он бдхўи салим

Роҳи дилро чашм ӯ хоҳӣ нахоҳӣ ме занад