Шуд биногваш , чу субҳами ҳамаи якбори сифед
Мӯии сар бар сари ман гашт чу дастори сифед
Аҷабӣ нест дарин давр ки хати хубон
Дар таҳ зулф шавад чун шиками мори сифед
эй гул аз чоки гиребони ту ҳайрат дорам
Ман ки мӯем шуда чун субҳи дарин кори сифед
Нозам эй ришта ӣ тасбеҳ ки дар ҳалқа ӣ куфр
Натавонад шавад аз шарми ту зуннори сифед
Чашми ёқӯби ҳамин бар раҳат эй Юсуф нест
Чашм ҳо карда чунин шавқи ту бисёр сифед
То буд ранги ҳинои хӯни маро , дар раҳи шавқ
Нагузорам ки шавад нохуни як хори сифед
Тарсам аз қаҳти харидор ба аҳдати Юсуф
Мӯӣ чун шамъ кунад бар сари бозори сифед
Сабз бояд дару девор ба банголаи салим
Чаҳ кунӣ хона ӣ худро дару девори сифед ?