Қадаҳ бар чашмаи хуршед дар ҷавҳар шараф дорад
Чаро хуррам набошад ток , фарзанд халаф дорад
Назаргар бар ту бошад осмонро , зон машав хўшдл
Хаданги афкан на чашм аз меҳр бар сӯй ҳадаф дорад
Касе аз силии айём , дод гӯш ман нагирифт
Куҷо хоҳад расед ин шӯру фарёдӣ ки даф дорад
Агар ғаввосӣ аз дастат барояд , баҳри ҳам аз ту
намедорад дареғи он нони хушкӣ каз садаф дорад
Салим аз доман ҳаркас кашида дасти худ , акнӯн
зи шоҳони ҷаҳон , умед бар шоҳ Наҷаф дорад