Ошиқи пуршукӯҳи хомӯш аз тағофул ме шавад
Тӯтӣ аз ойӣна чун рӯ дид , булбул ме шавад
Фориғ аз захми хас ва хорем каз файзи чаман
Доманати мо худ ба худ чун ғунчаи пар гул ме шавад
Дасту поеи зан , ки набӯд дар шумори зиндагон
Ҳарки чун ман нақши девор таваккул ме шавад
Ҳосили сармояи хошок маълум аст чист
Дар гулистонӣ ки савдо бо зар гул ме шавад
Ошиқон доранд ғавғо дар шаҳодатгоҳи ишқ
Фитнаҳо дар хайли шоҳон бар сар пул ме шавад
Баъди мурдан , аз парешоне ба хоки ман салим
Тухм ҳар гулро ки афшонанд , сунбул ме шавад