Танҳо ман заъиф надорам бадани кабӯд

Ишқами чунон фишурда ки шуд перҳани кабӯд

Гар баъди марги бенгарӣ , аз санги ҳодисот

Чун лоҷуварди суда буд хоки ман кабӯд

Ҷузи ман касе куҷост ки гирад азои ман

Ҳамдам ! ба рӯзи марг маро кун кафани кабӯд

Маҷнӯни хаста , санг барои ту ме хӯрд

Лайлӣ ! туро барои чаҳ гардӣда тани кабӯд ?

Ҳаргизи маро ба чашм наёяд фалаки салим

Дар ҳайратам ки аз чаҳ буд чашми ман кабӯд