Аз дайру каъба то ба ду ҷониби ду хона монад

Чун қабза ӣ камони дили мо дар миёна монад

Хирмани зи хӯша , рафта ӣ ҷоруб барқ шуд

Дар хоби чашми мӯри зи ғифлат чу дона монад

Тороҷ ҳарчӣ дошт , намудем ва ме хӯрем

Афсӯси ҳалқае ки ба гӯш замона монад

Нақсоне аз рамидан мурғон нашуд туро

Ҳамчун гиреҳ ба ҳалқа ӣ доми ту дона монад

Рафтам азин хароба ва аз заъф соя ам

Ҳамчун нишони дӯд ба девор хона монад

Дар роҳи дайн чаҳ кор барояд зи манъмон

Дастӣ ки мӯр дошт дар оғӯш дона монад

Айшии салими қисмат мо нест дар ҷаҳон

Дардисарӣ ба мо зи шароб шабона монад