Нигоҳ аз шавқи дидорат ба чашм ман наме гунҷад
Чароғӣ каз ту равшан шуд дар ӯ равған наме гунҷад
Ҳавои домани саҳрои чунонам музтариб дорад
Ки ҳамчун гирдбодами пой дар доман наме гунҷад
Сафар кардан ба сӯии дӯстони завқ дигар дорад
Насими Миср аз шодӣ ба пероҳан наме гунҷад
Дилӣ дорам ман девона аз завқи тамошоят
Ки чун ойӣнаи хуршед дар гулхан наме гунҷад
Дарун ғунча мегунҷид буии гул , вале акнӯн
зи бас расво шуд аз шавқи ту , дар гулшан наме гунҷад
Салим аз бахяи захм ман надорад қисматӣ , оре
Дилам аз бас параст аз ғам , дар ӯ сӯзан наме гунҷад