Рафт ашкам ки сиррӣ бар гузар ёр кашад

Сӯрати ҳоли маро бар дар ва девор кашад

Нохунӣ боядаш аз барг гул оварад ба чанг

Ҳарки хоҳад зи дили мурғи чаман хор кашад

Тоқату сабри азин беш надорам , вақт аст

Ки марои шӯри ҷунун бар сар бозор кашад

Дар раҳи шавқ ту уфтад чу гузорам ба чаман

Булбулам аз кафи пои хор ба минқор кашад

Марги хуштар буд аз раҳмати аҳбоб , салим

Марҳам аз захми дилам то ба кӣ озор кашад