Кори ман хароб надонам куҷо расад

Мавҷӣ агар ба кулбаам аз бӯрё расад

Даври фалак ба коми ҳарифон дигар аст

Навбат ба мо аҷаб ки дарин Асия расад

Сад ҳарф мезанем ба он бевафо , вале

Ҳаргиз чунон нашуд ки ба як ҳарфи ворсд

Ёбад магар ба бодияи зоғи устихони мо

Ҷое намурдаем ки онҷо ҳумо расад

Қамарии куҷоу нағма ӣ озодагон ? куҷост

Тавқӣ ки ҳамчуи серума ба фарёд мо расад

Аз ишқ дар қаламрави дил хуррамӣ намонад

Сӯзад ба ҳар куҷои нафас аждаҳо расад

Хуршедро салим дар он кӯча роҳ нест

Онҷо чигуна ин дил бедаст ва по расад